Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид

Июль 12, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 12.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тянзини Чин маросими ифтитоҳи расмии Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) -2025 баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки баргузории Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай — 2025 ҳамчун як платформаи муҳими ҳамгироӣ ва тақвияти муносибатҳои минтақавӣ барои кишварҳои аъзо аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.

Таъкид шуд, ки бо иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои роҳбарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай имрӯз заминаи мусоиди ҳамкорӣ, эътимоди тарафайн ва платформаҳои муҳими ҳамгироӣ фароҳам оварда шудаанд, ки ба тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ, рақамӣ ва сармоягузорӣ байни кишварҳои минтақа заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Дар форум дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рақамикунонӣ, аз ҷумла қабули «Консепсияи иқтисоди рақамӣ», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021–2025», «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» муаррифӣ гардид.

Баён гардид, ки дар натиҷаи татбиқи ин санадҳо Тоҷикистон то ин давра якчанд корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст, аз ҷумла таъсиси стартапҳои рақамӣ (zypl.ai), портали савдои электронӣ (Tajtrade), рақамикунонии якчанд соҳаҳои афзалиятнок, бахусус низоми дурнамосозӣ, низоми иҷозатдиҳии соҳаи саноат, бақайдгирии соҳибкорӣ, нақлиёт, энергетика, хизматрасониҳои бонкӣ, пардохтҳои андозӣ, маориф, тандурустӣ, муносибатҳои хориҷӣ ва дар шаҳри Душанбе дар доираи низоми «Шаҳри ҳушманд» рақамикунонии барномавии самти мусофиркашонӣ, маориф (E-Donish), тандурустӣ (E-Tib), шаҳри бехатар ва назорати таваққуфгоҳҳо (City Parking) мебошанд.

Дар анҷоми форум Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои афзалиятноки иқтисоди рақамӣ иброз намуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 12, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст