Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон Фермаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари кории худ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фермаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мурғи Шаҳристон” — ро ифтитоҳ намуданд.
Фермаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Сомон Қурбонов бунёд карда шудааст.
Аснои шиносоӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон яке аз калонтарин ва аввалин корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ ба ҳисоб рафта, иқтидори истеҳсоли маҳсулот дар як давра, ки 45 рӯзро дар бар мегирад, 170 тоннаро ташкил медиҳад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ин иншооти нави соҳаи парандапарварӣ имрӯз 80 ҳазор сар мурғ парвариш гардида, масъулин азм доранд ин нишондиҳандаро то ба 120 ҳазор сар расонанд.
Баробари афзудани саршумори паранда инчунин ҷои корӣ низ зиёд мегардад. Агар имрӯз 25 нафар дар фермаи парандапарварии “Мурғи Шаҳристон” бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин гардида бошанд, бо ба кор андохтани иқтидорҳои мавчуда ҷои корӣ то ба 40 нафар расонида мешавад.
Дар коргоҳ муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ насб гардида, ҷараёни нигоҳубини чӯҷаҳо, муайян намудани ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо ва омода намудани мурғҳои гӯштӣ тавассути технологияи компютерӣ амалӣ мешаванд.
Гӯшти мурғ дар кишвари мо аз маҳсулоти серталаб ба шумор рафта, ҷиҳати густариши ин соҳа аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳо қабул гардидаанд. Натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ имрӯз самар меорад ва дар вилояти Суғд ба соҳаи парандапарварӣ ҳамчун омили муҳими таъмини бозори истеъмолӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир мегардад.
Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи Фермаи парандапарварии “Мурғи Шаҳристон” дидан намуда, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки соҳибкорону кишоварзон вобаста ба вазъияти баамаломада бояд масъулияти бештар ҳис кунанд ва барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас гузоранд.
Дар навбати худ парандапарварон низ ваъда доданд, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат корро дар ин самт ҷоннок намуда, дар назди коргоҳ боз ду сехи нав ташкил менамоянд. Бо роҳандозии чунин тадбир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифатро афзоиш ва шумораи кормандонро зиёд намуда, ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.
Корхонаҳои парандапарварӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Гулистон, Конибодом, Зафаробод, Хуҷанду Бӯстон бештар гардида, ин таҷриба дар дигар минтақаҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияи Шаҳристон низ ба кор андохта мешавад.
Бо ифтитоҳи Фермаи парандапарварии “Мурғи Шаҳристон” имконияти истеҳсоли гӯшти парҳезӣ бештар ва сокинони ноҳияи Шаҳристон ба ин номгӯи маҳсулот дастрасӣ пайдо мекунанд.
Бино ба маълумоти оморӣ, давоми 6 моҳи соли 2021 дар вилояти Суғд истеҳсоли гӯшти чорвою паранда бо вазни зинда беш аз 26000 тоннаро дар бар мегирад, аз ҷумла гӯшти паранда 7759 тонна ва тухм 286 млн. дона аст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 122 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 5,1 баробар таъмин гардидааст. Ҳамаи ин натиҷаи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди соҳаи паррандапарварӣ ҳамчун як бахши муҳими таъмини амнияти озуқаворист.









Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Ош мулоқот намуд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат оид ба рушд ва такмили низоми омори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид






