Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен Қасри «Сомониён»-ро ифтитоҳ ва ба 100 ятими кулл туҳфаҳо тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Қасри “Сомониён”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди ҳамаҷонибаи деҳот мусоидат намуд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бародарон Мақсудҷон ва Мансурҷон Раҳмоновҳо бо харҷи зиёда аз 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.
Қасри “Сомониён” бо тарҳу намои зебо сохта шуда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур 10 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Дар тарабхонаи барҳавои иншооти нав бунёдшуда Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бӯстон, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Зафаробод мулоқот намуданд.
Қобили зикр аст, ки Пешвои раиятпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари кориашон нахуст аз ҳолу аҳволи ятимону кӯдакони бепарастор бохабар гардида, нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро бо фарорасии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният намуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимон таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароити заруриро муҳайё месозад. Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд.
Дар ин рӯз 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз меҳрубониву ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор гардиданд. Ба ятимон тӯҳфаҳои моддиву пулии Сарвари давлат тақдим карда шуд.
Маҳз натиҷаи сиёсати инсондӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз фарзандони аз оилаҳои ниёзманд ва ятиму бепарастор аз имтиёзҳо бархӯрдор гардида, дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар асоси ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ятимону фарзандони оилаҳои ниёзманд бо манзилҳои истиқоматӣ таъмин ва аз саодати оилавӣ бонасиб гардида, бо шукргузорӣ аз ин давлати ободу озод кору зиндагӣ доранд.
Кӯдакони ятим, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум гардида, имрӯз зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд, ба Президенти мамлакат муҳратам Эмомалӣ Раҳмон самимона изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар оянда муассисаҳои олиро бо донишу интизоми намунавӣ хатм мекунанд ва дар иҷрои рисолати фарзандии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.









Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон






