Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳристон ба истифода доданд

Июль 29, 2021 06:10

ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маросими барафрохтани Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Яке аз рамзҳои асосии давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ — Парчами давлатӣ дар фазои орому осудаи ватан, зери садои суруди миллӣ дар маркази ноҳияи Шаҳристон барафрохта шуд.

Сарвари давлатро  бошандагони ноҳия хуш истиқбол намуда, аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз маблағҳои буҷети вилояти Суғд дар шафати Қасри фарҳанг майдони Парчами давлатӣ сохта шуда, барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Баландии манораи ливои озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Шаҳристон 50 метр буда, дарозии матои ин муқаддасоти миллӣ 14 метр ва паҳноияш 7 метрро ташкил медиҳад.

Бунёди чунин иншоот то ба имрӯз дар якчанд шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ амалӣ гардида, таҷассуми асосҳои таърихӣ ва рамзҳои  давлатдории тоҷикон, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми  мардуми  Тоҷикистон  мебошад.

Корҳои сохтмони майдони Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон аз тарафи кормандону масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “КММ-44” иҷро гардидаанд.

Барои бунёди ин иншоот бо тарҳи зебо аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардида, минбаъд ин мавзеъ барои сокинони ноҳия макони гаштугузор ва истироҳату фароғат ба шумор меравад.

Ноҳияи Шаҳристон дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ободу зебо гардида, бо бунёди иншооти таъйиноташ гуногун симои ноҳия сол аз сол зебову назаррабо мегардад.

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бунёд, таъмир ва навсозии бештар аз 135 иншоот ба нақша гирифита шудааст.

Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Шаҳристон шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумуи ҳамаратафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар мекунад.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шаҳристон 29.07.2021

Июль 29, 2021 06:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд