Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир карданд
ДУШАНБЕ, 19.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазир, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, машварати корӣ доир карданд.
Дар кори машварат масъалаҳо вобаста ба омодагӣ ба санаи муҳими таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин дигар чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Оид ба омодагӣ ва баргузории ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳисоботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Қоҳир Расулзода шунида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки барои татбиқи амалии нақшаҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллии Истиқлоли давлатӣ ва дар сатҳи баланди мизбонӣ баргузор кардани чорабинии сатҳи баланди минтақавӣ — 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкори Шанхай тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шавад.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту идораҳои давлатӣ ҷиҳати омодагии ҳаматарафа ба маъракаи зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо гармӣ супориш дода шуд.
Вазорати маориф ва илм ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дастур гирифтанд, ки ҷиҳати сари вақт анҷом додани таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ ва омодагии иншооти соҳа ба соли нави таҳсили 2021-2022 чораҷуӣ намоянд.
Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии Ковид-19 ваксинагузаронии пурраи аҳолиро таъмин намуда, дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва санитарӣ пурзур намоянд.
Супоришҳои дигар ба вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба барқарор кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ, расондани кӯмакҳои моддӣ ба зарардидагон, таъмини нақшаи кишти такрорӣ ва ҷамъоварии беталафи ҳосил дода шуд.









СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон






