Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 12.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Мутобиқи модда 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори марказии Вазорати корҳои дохилӣ, шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат ва роҳбарони намояндагиҳои вазорати мазкур дар назди баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тағироти кадрӣ намуданд. Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ба вазифаҳои масъулиятнок таъингардида дастур доданд, ки дар ҷаҳорчӯбаи қонунҳои амалкунанда ва оинномаҳои хизматӣ фаъолият намуда, бар зидди ҳамагуна ҷиноят ва қонуншиканӣ мубориза баранд.
Бо назардошти авзои печидаву мураккаб ва пешгӯинашавандаи минтақа таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккил дар таъмини амнияту суботи кишвар бо масъулияти баланд муносибат намоянд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ донистани забони хориҷӣ ва истифодаи технологияи муосир муваффақияти ҳар як роҳбар ба ҳисоб рафта, дар пешгирӣ ва мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва маблағгузории гурӯҳҳои ҷинояткори экстремисти нақши муассир дорад», — таъкид намуданд Пешвои миллат.
Дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз содиршавии ҳамагуна ҷиноят ва боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат аз дигар манфиатҳо аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буданд.
«Ҳар кадоми Шумо – кадрҳои ҷавону ояндадор таҷрибаи корӣ доред ва ҳамчун мутахассисони касбӣ шинохта шудаед. Бо мардум робитаи наздик дошта бошед, то дар ҷомеа соҳиби эҳтирому обурӯ гардед» — таъкид намуданд Сарвари давлат дар фарҷоми мулоқот.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд






