Прокурори генералии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Лаҳистон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 июли соли 2021 дар доираи сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон ба Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқотҳои ӯ бо Прокурори миллии Ҷумҳурии Лаҳистон Богдан Свенчковский, прокурори ҳарбии он кишвар ва дигар шахсони расмӣ доир гардиданд.
Тавре аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷараёни гуфтушунид масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи шаҳртномаҳои байналмилалии СММ, вазъи амниятии ҳамсоякишвари Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҷаҳон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муносибатҳои мустақими дуҷонибаро тақвият бахшида, дар самтҳои мухталифи ҳамкории ҳуқуқӣ аз ҳарду ҷониб мусоидат карда шавад.
Сафари корӣ ва вохӯриҳо идома доранд.
АКС аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






