Прокурори генералии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Лаҳистон қарор дорад

Июль 30, 2021 13:28

ДУШАНБЕ, 30.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 июли соли 2021 дар доираи сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Юсуф Раҳмон ба Ҷумҳурии Лаҳистон мулоқотҳои ӯ бо Прокурори миллии Ҷумҳурии Лаҳистон Богдан  Свенчковский, прокурори ҳарбии он кишвар ва дигар шахсони расмӣ доир гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  зимни ҷараёни гуфтушунид масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар доираи шаҳртномаҳои байналмилалии СММ, вазъи амниятии ҳамсоякишвари Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҷаҳон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муносибатҳои мустақими дуҷонибаро тақвият бахшида, дар самтҳои мухталифи ҳамкории ҳуқуқӣ аз ҳарду ҷониб мусоидат карда шавад.

Сафари корӣ ва вохӯриҳо идома доранд.

 

АКС аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 30, 2021 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд