Ширкати хориҷии «Apple Distribution International Limited» дар Тоҷикистон аввалин шуда, аз даромад аз ҳисоби хизматрасонии электронӣ андоз пардохт намуд

Июль 23, 2021 11:51

ДУШАНБЕ, 23.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати хориҷии «Apple Distribution International Limited», ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод менамояд, 16 июл нахустин шуда, барои семоҳаҳои I ва II соли 2021 эъломияи андозии худро пешниҳод намуда, андоз аз арзиши иловашударо барои ин давраҳо ба маблағи зиёда аз 238 ҳазор сомонӣ ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намуд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз» аз 17 декабри соли 2020, ширкатҳои хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод менамоянд, бояд тибқи тартиби муқарраршуда дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, андоз аз арзиши иловашударо ҳисоб ва ба буҷет пардохт намоянд.

Бо ин мақсадҳо имсол аз ҷониби мақомоти андоз бо намояндагони ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ анҷом медиҳанд, якчанд маротиба видеоконфронс ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуда, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда 18 адад ширкат ба мақомоти андоз муроҷиат намуда, ба қайд гирифта шуданд.

 

Акс аз Кумитаи андоз

Июль 23, 2021 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад