Сироҷиддин Муҳриддин: «То имрӯз ба Тоҷикистон дархост барои фароҳам овардани шароит барои баргузории музокироти байниафғонӣ ворид нашудааст»

Июль 27, 2021 12:30

ДУШАНБЕ, 27.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. «То имрӯз ба Тоҷикистон дархост барои фароҳам овардани шароит барои баргузории музокироти байниафғонӣ ворид нашудааст», — гуфт Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Ба гуфтаи вай, бояд раванди музокирот барои ҳалли мусолиматомез дар Афғонистон бо тамоми ҷиддият назорат карда шавад. Аммо бо вуҷуди мушкилот, мо ба муваффақияти музокироти Давҳа умедворем. Тоҷикистон ҳамаи платформаҳои дигари муколамаро, ки ба истиқрори сулҳ ва субот дар Афғонистон нигаронида шудаанд, истиқбол мекунад.

«Тоҷикистон ҳамеша таъкид мекунад, ки пайваста бо сохторҳои расмии Афғонистон ҳамкорӣ ва интихоби мардуми дӯсти Афғонистонро дастгирӣ мекунад. Дар сатҳи сиёсӣ, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бо Толибон робита надоштааст»,-иброз намуд Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Июль 27, 2021 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд