«Созҳои мусиқӣ — муаррифи фарҳанги миллӣ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ифтитоҳ ёфт

Июль 15, 2021 14:50

ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 июл то 1 август  дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе таҳти унвони «Созҳои мусиқӣ-муаррифи фарҳанги миллӣ» намоиши созҳои мусиқии суннатии тоҷик доир мешавад. Дар намоиш беш аз 300 адад созҳои гуногуни мусиқии миллӣ, аз қабили найю сурнай, дутору думбра, карнаю шайпур, рубобҳои гуногун, сетор, шаштор, ҳафтор, дафу доира, таблу нағора, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд, манзури бинандагон   мегарданд.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрӯз зимни ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки «падид омадани найҳои устухонӣ аз ёдгории «Тахти Сангин» (асрҳои III-II то мелод), кашф гардидани тасвири рубобҳо дар сангнигораҳои ноҳияи Ишкошим (асри I мелодӣ, тасвири навозандагони чанг ва буқ аз ёдгории «Панҷакенти қадим» (асрҳои V-VIII), тасвири ансамбли мусиқачиёни руду чанг аз Уструшан (асрҳои VII-IX), тасвири навозандаи чанг ва рубоби камонӣ аз ёдгории «Ҳулбук» (асрҳои IX-X) ва амсоли инҳо далели қадима будани созҳои мусиқии тоҷикон маҳсуб мешаванд».

Ҳамчунин дар ин рӯз бо истифода аз тасвири созҳои мусиқии деворнигораҳои ёдгориҳои Тоҷикистон таърих ва ташаккули созҳои мусиқии тоҷик нишон дода шуд. Қадимтарин созҳои мусиқие, ки дар намоиш ба маъраз гузошта шудаанд, найҳои устухонии мансуб ба асрҳои III-II то мелод мебошанд, ки аз ёдгории «Тахти Сангин» бозёфт гардидаанд.

Дар қисмати дигари намоиш созҳои мусиқии устодони санъати тоҷик: танбӯрҳо аз устодони «Шашмақом»- Содирхон Ҳофиз, Бобоқул Файзуллоев, Боймуҳаммад Ниёзов, танбӯр аз падари Одина Ҳошимов– Ҳошим Қосимов, думбраи гуруғлисарои машҳур Ҳикмат Ризо, рубоби ҳунарманди машҳури тоҷик Ҷӯрабек Муродов пешниҳод гардиданд.

Дар гӯшае аз намоиш созҳои мусиқии дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташудаи устоҳои моҳири кишвар пешниҳод шудаанд, ки аз рушди ҳунари созтарошӣ дар ин даврон дарак медиҳанд. Ҳамзамон дар намоиш якчанд осори санъати тасвирӣ ва амалӣ, ки дар онҳо созҳои мусиқӣ тасвир ёфтаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

АКСҲО аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 15, 2021 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид