ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 июл, душанбе, 207-умин рӯзи соли 2021 аст

Июль 26, 2021 08:00

26 июли соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба истифода додани чанд иншооти нави иҷтимоӣ ва мулоқот бо мардум ба ноҳияҳои Хуросони вилояти Хатлон сафар карданд.

***

7 сол пеш, 26 июли соли 2013 Бунгоҳи интишороти «Майванд» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» бо теъдоди ҳазор нусха, бо хати форсӣ ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ба имзо расонида шуд.

26 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии забони ғайриоддӣ – эсперанто.

***

Дар Мадагаскар — Рӯзи истиқлол.

***

Дар Россия — Рӯзи парашютчиён.

РӮЙДОДҲО:

26 июли соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории амниятию низомии ду давлати ҳамсоя — Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ карда шуданд.

***

26 июли соли 1788 Ню-Йорк иёлати 11-уми ИМА эътироф гардид.

***

173 сол муқаддам, 26 июли соли 1847  Ҷумҳурии Либерия истиқлолашро ба даст овард.

***

Дар ин рӯзи соли 1906 дар ИМА Бюрои федералии тафтишотӣ таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1858  Барон Ротшилд аввалин яҳудие буд, ки дар парлумони Англия ба сифати аъзо қабул шуд.

***

Соли 1993 манати озарбойҷонӣ дар ин кишвар ҳамчун пули миллӣ қабул гардид.

Июль 26, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш