Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатли ноболиғ Руфайда Иноятоваро маҳкум менамояд
ДУШАНБЕ, 09.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолатҳои содиршавии ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсию ҷинсии ноболиғон, хусусан нисбат ба хурдсолон ташвишовар боқӣ мемонад.
Ҳодисаи куштори ноболиғ Руфайда Иноятова, ки 4 июли соли 2021 бо бераҳмии махсус содир карда шудааст, боиси нигаронии амиқи мақомоти давлатӣ, хусусан, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҷомеа гардида, чораҳои таъхирнопазирро дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон тақозо менамояд.
Ин аст, ки раванди тафтишоти ин ҷинояти мудҳиш зери назорати бевосита ва нигаронии амиқи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.
Таҳлили муроҷитаҳои шаҳрвандон, маълумотҳо аз воситаҳои ахбори омма ва дигар сарчашмаҳо вобаста ба ҳолатҳои зӯроварӣ ва куштори ноболиғон нишон медиҳад, ки дар ҷомеа ҳанӯз ҳолатҳои муносибати бад ва ғайриинсонӣ нисбат ба кӯдакон ҷой доранд.
Дар бештар ҳолат, ин гуна ҷиноятҳо нисбат ба кӯдакон аз ҷониби хешовандон, ҳамсоягон, васию парастор ва ҳатто волидайн, яъне он нафароне, ки кӯдакон ба онҳо боварӣ доранд ё дар тарбияву тобеияти ҷисмонӣ ва психологии онҳо ҳастанд, содир карда мешаванд.
Ҳуқуқи кӯдак ба эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озод будан аз тамоми шаклҳои зӯроварӣ ҳуқуқи бунёдии кӯдакон ба шумор рафта, андешидани тадбирҳои зарурии қонунгузорӣ, маъмурӣ, иҷтимоӣ ва маърифатиро талаб менамояд.
Аз ин лиҳоз, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо дарназардошти таъмин намудани манфиатҳои беҳтарини кӯдакон такмили қонунгузорӣ вобаста ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои муқобили озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсии кӯдакон ва таъмини кафолати ёрии ҳуқуқии ройгон ба кӯдакон-ҷабрдидагон ва шоҳидони ин категорияи ҷиноятҳоро ҷонибдорӣ менамояд.
Ҳодисаи мазкур зери назорати қатъӣ қарор дошта, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҷиҳати ёрии ҳуқуқӣ ба пайвандони марҳум мусоидат намояд.
Хадамоти матбуоти ВҲИ ҶТ








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






