Варзоб: Дар шаш моҳ беш аз 20 ҳазор нафар сайёҳони хориҷию дохилӣ аз минтақаҳои ноҳия дидан намуданд
ВАРЗОБ, 21.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи имсол ба 982 минтақаи истироҳатӣ ва 25 ёдгории таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Варзоб 22 267 нафар сайёҳони хориҷию дохилӣ ташриф овардаанд. Аз ҳисоби хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ ба буҷети маҳаллӣ 1 566 057 сомонӣ ворид гардидааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар ноҳияи Варзоб иттилоъ дода шуд.
Дар нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд ҷиҳати кам будани муассисаҳои томактабӣ ва солҳои тӯлонӣ дар ноҳияи Варзоб мавҷуд будани як адад кӯдакистон бо ҷалби 40 нафар кӯдак раиси ноҳия Муҳаммадулло Шерализода посух дод, ки «дар ҳақиқат дар ноҳия як адад кӯдакистон мавҷуд аст ва дар доираи нақшаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 4 кӯдакистон ба нақша гирифта шудааст. То ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатӣ 2 адад кӯдакистон барои 160 нафар кӯдак ба истифода дода мешавад. Вале бо сабабҳои бемории Ковид-19 ва буҳрони иқтисодӣ сохтмони 2 адад кӯдакистони дигар ба солҳои оянда мавқуф гузошта шуд».
Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 270 иншоот, аз ҷумла 12 муассисаи таълимӣ, 33 майдончаи варзишӣ, 15 толори варзишӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 11 коргоҳи дӯзандагӣ, 2 дорухона ва дигар иншоотро ба нақша гирифтаанд.
То имрӯз 201 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда идома доранд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






