Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар Тошканд мулоқот намуданд

Июль 15, 2021 15:50

ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар Тошканд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Конфронси байналмилалии «Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ: Ҳамбастагии минтақавӣ – чолишҳо ва имкониятҳо» бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд   мулоқот кард. 

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, таҳкими амният, сулҳу субот дар минтақа ва вазъи кунунӣ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамтои худро ба муносибати  пайвастани кишвараш ба Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун шарики гуфтугӯ табрик намуд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Июль 15, 2021 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид