Вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ аз бадшавии босуръати вазъ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд
ДУШАНБЕ, 28.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуда, сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмиро байни давлатҳои аъзо тазаккур доданд.
Дар ҷаласа Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷнат Сингҳ, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, генерал-лейтенант Нурлан Ермекбоев, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, генерал-полковник Вей Фэнгхэ, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон, генерал-майор Таалайбек Омуралиев, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвез Хаттак, Вазири мудофиаи Федератсияи Русия, генерали артиш Сергей Шойгу, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон, генерал-лейтенант Баҳодир Қурбонов, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Беларус, генерал-лейтенант Виктор Хренин ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов ширкат варзиданд.
Зикр гардид, ки СҲШ 20-умин солгарди худро ҳамчун созмони муҳими байналмилалӣ, ки қодир аст ба пойдории сулҳ ва таҳкими амният таъсири самарабахш расонад, ҷашн мегирад.
Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар самти таҳкими амният ва пойдории субот дар фазои Созмон дар заминаи афзоиши иқтидори муноқишавӣ дар ҷаҳон, пандемияи сирояти нави коронавируси COVID-19 ва сатҳи баланди таҳдиди террористӣ идома медиҳанд.

Вазирони мудофиа кӯшиши тақаллуби ҳақиқати таърихӣ дар бораи сабабҳо ва натиҷаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, инчунин барқарорсозӣ ва ситоиши ҷинояткорони фашистӣ ва шарикони онҳоро шадидан маҳкум карданд.
Вазирони мудофиа бо ҳамгироии тарафайн изҳор доштанд, ки коркарду ҳамоҳанг намудани амалиёти муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои аъзои СҲШ дар ташкилу баргузории машқҳои дастаҷамъонаи зиддитеррористии Ситодӣ-фармондеҳӣ таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна-2021» ба сайқали таҷриба ва маҳорату малакаи касбии ҷузъу томҳо дар самти безарар гардонидани ташкилоти байналмилалии террористӣ ва дигар зуҳуроти хатарзои ҷомеаи муосир мусоидат менамояд ва таъкид намуданд, ки таҷрибаи баргузории чунин тамринҳо идома хоҳад ёфт.
Роҳбарони ҳайатҳо ба мувофиқа расиданд, ки мусоидати ҳамаҷонибаро ба ҳамаи давлатҳои аъзои СҲШ дар самти ҳамроҳ намудани Ҳиндустон ва Покистон ба санадҳои байналмилалии СҲШ дар соҳаи ҳарбӣ идома диҳанд.
Вазирони мудофиа хоҳиши худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни қувваҳои мусаллаҳ изҳор намуда, пешниҳоди ҷониби Русияро ҷиҳати иштироки давлатҳои аъзои СҲШ дар машқҳои муштараки стратегии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Беларус ва Русия таҳти унвони «Ғарб-2021» истиқбол карданд.
Вазиирон масъалаҳои таҳкими сулҳ, субот ва амниятро низ баррасӣ карданд. Бо изҳори нигаронӣ аз бадшавии босуръат вазъ дар Афғонистон, зарурати пешгирии ташаннуҷи вазъ дар фазои СҲШ-ро тазаккур дода, афзоиши назарраси фаъолияти ташкилоти террористиро дар минтақа пас аз хуруҷи неруҳои СПАШ ва кишварҳои дигар аз Афғонистон таъкид намуданд.
Вазирони мудофиа бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои аъзои СҲШ, пойдории сулҳ, амният ва субот дар минтақа доир ба таҳкими ҳамкории амалии СҲШ ва ташкилотҳои шарики минтақавӣ табодуули афкор намудаанд.
Роҳбарони ҳайатҳо ҳамчунин Нақшаи ҳамкории вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ-ро барои солҳои 2022–2023 тасдиқ карданд.
Дар ҷаласа инчунин ба ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла фестивали оркестрҳои ҳарбӣ, ки 18-23 октябри соли равон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ ҳамкориро бо мақсади таъмини суботи минтақавӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори боэътимоди СҲШ густариш диҳанд.
Қарор қабул карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ соли 2022 дар Ҷумҳурии Узбекистон гузаронида шавад.
АКСҲО аз Вазорати мудофиаи ҶТ










Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






