Заминларза дар шарқи Тоҷикистон хисорот ба бор овард
ДУШАНБЕ, 10.087.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 10 июл, соати 07:14 ба вақти маҳаллӣ дар шарқи Тоҷикистон, дар ноҳияи Тоҷикобод заминларза рух дод. Чуқурии заминларза 10 км ва магнитудаи он 5,9 балро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод.
Инчунин, ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зилзила дар 165 км қисмати шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 21 км то ноҳияи Рашт дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ба вуқӯъ пайвастааст. Қувваи ларзиши замин дар марказаш 5-6 бал ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балро ташкил дод.
Мутаассифона, бар асари заминларза хисороти ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд. 5 нафар сокини деҳаи Бӯстони (собиқ деҳаи Кӯли боло) ҷамоати Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод зери хок монда, ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, дар деҳаҳои Бӯстон, Сари чашма ва Кӯли калони ноҳияи Тоҷикобод ба манзили истиқоматии сокинон, хати барқу алоқа осеб расидааст. Дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Ярхоби ноҳияи Рашт 7 манзили истиқоматӣ ва деҳаи Шархо ва Сари шухони ҷамоати Аскалони ноҳияи мазкур 12 манзили истиқоматӣ зарар дидаанд.
Бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарии Сарвазири ҶТ комиссияи салоҳиятдор таъсис anticonvulsants-info.com, барои омӯзиши вазъият, муайян кардани ҳаҷми хисорот ва бартараф кардани зарари расонидашуда аъзои комиссия ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд.
Оилаҳои зарардида бо ҷойи зисти муваққатӣ, кӯмаки аввалияи тиббӣ ва хӯроки гарм таъмин карда шуданд.








Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






