Замони бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 август дар варзишгоҳҳои мамлакат Бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешаванд. Дар ин давр дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-шаҳри Душанбе бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе байни ҳам бозӣ мекунанд.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Чанд рӯз пеш бозиҳои даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дар ин давр дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар сафар бар дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Хуҷанд» дар майдони худ бар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истарвшан бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи дастаи дастаи «Равшан»-ро Анвар Муродов ва голи дастаи футболи «Хуҷанд»-ро Абдулмуъмин Забиров ба нишон расониданд.
Се бозии дигари давр бо чунин натиҷа хотима ёфтанд: дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеьро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Мубинҷон Муъминов ба ҳадаф расонд. Пас аз ин ғалаба дастаи футболи «Эсхата» ба ҷои дуюми ҷадвал баромад. Дар бозии дигар дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозингари дастаи «Кӯктош» Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 7-ум ҳисобро кушод. Мизбонон тавассути Иззатулло Рӯзиев ва Амир Меъморӣ ду гол заданд. Бозӣ миёни дастаҳои КМВА – «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бидуни гол (0:0) анҷом ёфт.








Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад






