Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-ро дар ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд

Август 28, 2021 08:57

ДУШАНБЕ, 28.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 август дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудиМармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Себистон нахуст бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти инкубатори корхона оғоз бахшиданд.

Барои сохтмони инкубатор дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғара 1 гектар замин ҷудо гардид. Масоҳати сохтмони зери бинои инкубатор беш аз 2000 метри мураббаъро ташкил дода, калонтарин инкубатор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар инҷо биноҳои истеҳсолии ҳозиразамон ва иншооти ёрирасон бо насби таҷҳизот ва технологияи навтарин, инчунин гузаронидани системаи инфрасохтори муҳандисӣ бо дарназардошти талаботи санитарӣ — эпидемиологӣ ба истифода дода шуд.

Иншоот аз минтақаи коркарди санитарии техника, ҷойи қабули тухми инкубатсионӣ, сардхонаи нигоҳдории тухми инкубатсионӣ, ҳуҷраи гузоштани тухми инкубатсионӣ бо аробаҳои махсуси қуттидор, толори ҷевонҳои инкубатсионӣ, толори ҷевонҳои чӯҷабарорӣ, ҳуҷраи эмгузаронӣ ва ҳуҷраи таҳвили чӯҷаҳо иборат мебошад.

Иқтидори солонаи барориши чӯҷа дар инкубатор зиёда аз 5 миллион сарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3 миллион сарро ба мурғхонаи комплекси парандапарварии “Мармарӣ” барои парвариш таҳвил медиҳанд. Чӯҷаҳои боқимондаи корхона барои таъмини дигар мурғхонаҳои кишвар бо чӯҷаҳои хушзоти гӯштӣ пешниҳод мегарданд.

Барои таҳвили чӯҷаҳо аз инкубатор ба мурғхона техникаи махсусгардонидашуда бо мақсади риояи талабот ва меъёрҳои муайяннамудаи соҳа дастрас карда шудааст.

Дар ин ҷо низ коргарон бо шароити хуби корӣ, бахусус маоши баланд, ошхона, либосҳои корӣ, маҳлулҳои безараргардонии гигиенӣ ва ҷойи истироҳат таъмин мебошанд.

Таҷҳизоти инкубатор ба ҳама талабот ҷавобгӯ буда, истеҳсоли ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин “ИАЙ Фарминг” (EI Farming) мебошад, ки дар бозорҳои давлатҳои Аврупо ва Осиё мавқеи назаррасро ишғол менамояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъди ифтитоҳи бинои инкубатор дар деҳоти Себистон фабрикаи парандапарварии мурғи гӯштии комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.

Корхонаи замонавӣ бо мақсади идомаи амалигардонии иқдому нақшаҳои созанда, расидан ба ҳадафҳои стратегии саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёд гардидааст.

Комплекси агросаноатӣ бо дарназардошти таъмини бозори истеъмолии пойтахти мамлакат, ки таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати аъло пешниҳод намудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ фаъолияти худро пеш мебарад.

Ҳудуди мурғхона 22,75 гектар заминро дар бар гирифта, дар он бинои маъмурӣ, 12 фермаи парвариши паранда, 4 анбор, бинои санитарӣ, 2 минтақаи коркарди санитарии техника ва обанбор сохта шудааст.

Дар ҳар як ферма то 30 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад ва давраи парвариш 45 рӯзро дар бар мегирад.

Бо истифода аз иқтидори ҳамаи мурғхонаҳо имкон аст дар як сол зиёда аз 3 миллион сар мурғ парвариш карда шавад.

Маблағи умумии сармояи ба бунёди корхона ҷалбгардида 104 миллион сомониро ташкил дода, дар он якҷоя бо инкубатори корхона зиёда аз 160 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст. Аз ин шумора мутахассисони касбии сатҳи олӣ ва кормандони қаториро шаҳрвандони кишвар ташкил медиҳанд.

Дар фермаҳо таҷҳизоти муосири ширкатҳои аврупоӣ ва хитоӣ насб гардидаанд, ки аз хатҳои хӯрокдиҳӣ, обдиҳӣ, равшанидиҳӣ, гармидиҳӣ ва ҳавотозакунӣ иборат мебошанд.

Инфрасохтори ҳудуди мурғхона бо хатти барқ ва хатти об таъмин гардида, роҳҳои он мутобиқ ба стандартҳо мумфарш карда шудаанд.

Дар иншооти мазкур барои мунтазам фаъолият намудани мурғхона шароит фароҳам оварда шуда, дар баробари ин зиёда аз 20 техника ва механизмҳои махсус истифода мешаванд.

Баробари ба кор ҷалб кардани сокинони маҳаллӣ барои онҳо шароити беҳтари корӣ низ ташкил гардидааст, аз ҷумла онҳо бо хӯроки гарм, либоси корӣ, маоши хуб ва лавозимоти корӣ таъминанд.

Дар баробари ин, ҷиҳати пешбурди корҳои ободонӣ гирду атроф ва дохили мурғхона сабзазор карда шуда, беш аз 2500 бех дарахт шинонида шудааст.

Фаъолияти мурғхонаи нав мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шудааст.

Ифтитоҳи Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ” дар ноҳияи Данғара 28.08.2021

Август 28, 2021 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд
Маркази «Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ» ба фаъолият оғоз намуд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш барои 280 нафар кӯдакистон сохта мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Конибодом коргоҳи бастубанди меваи хушк сохта мешавад
Роҳҳои деҳаҳои Шафақу Тезгари болои ноҳияи Рӯдакӣ мумфаршу бетонпӯш карда шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
35–СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб 494 иншоот бунёду навсозӣ карда мешаванд