ИМРӮЗ – РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳамоиши васеъ доир мегардад

Август 18, 2021 08:16

ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб  ҳамоиши  бошукӯҳи  идона баргузор  мегардад, ки дар он доираи васеи роҳбарону кормандони муассисаҳои зерсохтори вазорат иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки 18 августи соли 1995 Парлумони Тоҷикистон ин рӯзро чун иди касбии табибон ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд. Зеро 1041 сол муқаддам, дар ин рӯз фарзанди номвари тоҷик, донишманд,  файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино  ба дунё омадааст. Аз ҳамон сол сар карда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август ҳамасола Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

Табибӣ яке аз касбҳои пурифтихортарин, волотарин ва бошарафтарин шуморида мешавад. Тавре файласуф Гиппократ гуфтааст: «Табибе, ки барои дармон ба сари  болини бемор меояд, мисли диловарест, ки ба майдони корзор ворид мешавад».

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар даҳсолаи охир соҳаи тандурустӣ бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 августи соли 2020 зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб  чунин зикр намуданд: «Агар дар мамлакат то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2020 ба 4369 адад расид, яъне 1507 муассиса зиёд шудааст. Агар дар давраи солҳои 1991 то 2005 дар мамлакат ҳамагӣ 187 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда бошад, пас аз соли 2006 то шаш моҳи аввали соли 2020-ум 1071 муассисаи нави соҳа ба истифода дода шудааст».

Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар доираи амалӣ намудани корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бунёди 358 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 276 муассиса то аввали июли соли 2020 ба истифода дода шуданд. Сохтмони 132 иншооти дигар то охири соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Яке аз бузургтарин иншооти соҳа дар даврони соҳибистиқлолӣ- ин Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» мебошад, ки бо иштироки  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 марти соли 2016 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид. Маҷмаа нахустин муассисаи бисёрсоҳаи тиббии мамлакат мебошад, ки мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида, фарогири зинаҳои ташхис, табобат, аз ҷумла маркази ёрии фаврии тиббӣ ва офиятбахшии тибби муосир мебошад. Дар дармонгоҳи маҷмаа тамоми ҷараёни бақайдгирӣ, ташхис ва табобати беморон ба таври компютерӣ ба системаи ягона ворид карда мешавад. Иншоот дар масоҳати умумии 105 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дорои шуъбаҳои таваллудхона, бемориҳои дарунии кӯдакона, бистарикунонии калонсолон, дармонгоҳ, ҷарроҳии кӯдакона, ташхисгоҳ, озмоишгоҳҳои муосир, шуъбаи наҷот ва муолиҷаи оҷил барои калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, толори гиёҳдармонӣ, маркази иттилоотӣ, китобхонаи электронии ба интернет пайваст, маркази ёрии таъҷилӣ ва варзишгоҳ мебошад.

Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо 38 бино ва 61 шуъба ҳамчун маркази тиббии бисёрсоҳаи дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст бунёд ва ба истифода супорида шуд. Дар ин муассиса ҳоло қариб 2400 нафар кормандон, аз ҷумла 500 нафар табибон ва беш аз 800 нафар кормандони миёнаи тиб ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

Бояд гуфт, ки дар бунёди иншооти мазкур 7 ташкилоти сохтмонӣ ба ҳайси пудратчиёни асосӣ ва 17 ташкилоти молрасон иштирок кардаанд.

Зимни сохтмони ин иншоот аз оғоз то анҷом аз 450 то 2500 нафар мутахассисони касбу кори гуногун бо  кор ва маоши аз 1200 то 3500 сомонӣ таъмин шуданд. Корҳо таҳти назорати доимии 350 нафар мутахассисон ва масъулини муҳандисию техникӣ ҷараён доштанд. Дар ҷараёни бунёди иншоот корхонаҳои сохтмонӣ ва техникаҳои гуногунтамға, аз ҷумла 6 корхонаи бетонтайёркунӣ, даҳҳо адад кран-манораҳои борбардор, автокранҳо, экскаваторҳо ва дигар мошинҳои борбардор фаъолият мекарданд.

Ёдовар мешвем, ки дар мамлакат 8 муассисаи тиббии бисёрсоҳавӣ, аз ҷумла, Маркази миллии тиббии «Шифобахш», Маркази тиббии шаҳрии рақами 1, беморхонаҳои клиникии вилоятӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Данғара фаъолият доранд, ки дар онҳо ҳазорон нафар беморон табобат меёбанд.

Бо Фармони Президенти мамлакат аз 1 сентябри соли 2020 музди меҳнати кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ 15 фоиз зиёд карда шуд.

Ҳамчунин Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ва илмӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намудааст.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Август 18, 2021 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст