Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни калонсолон сазовори медали нуқра шуд
ДУШАНБЕ, 10.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни калонсолон, ки 7-8 август дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Русия баргузор гардид, сазовори медали нуқра шуд. Дар ин бора аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -90кг дар даври аввал Ёқубҷон Назирови тоҷикро, ки таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекунад, шикаст дод. Дар даври чорякниҳоӣ Эмил Қурбонови русро мағлуб кард ва ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар даври нимниҳоӣ бар варзишгари дигари мизбон Адам Утсиев пирӯз шуд, вале дар рақобат барои нишони тилло аз Мирзо Шикориев (Русия) мағлуб гардид ва соҳиби медали нуқра шуд.
Ду варзишгари дигар – Алиҷон Сафаралиев ва Амирҷони Насимҷон ҷойи ҳафтумро сазовор гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо 197 варзишгар (130 мард, 67 зан) аз 14 давлат ширкат карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз 8 нафар – Давлаталӣ Назаралиев (-60кг), Алиҷон Сафаралиев (-66кг), Маҳмудҷон Раҳимов (-73кг), Ҳақназар Назаров, Хушвақт Идиев (-81кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Амирҷони Насимҷон (-90кг) ва Абубакри Акобир (-100кг) иборат буд.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






