ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Исфара Мактаби байналмилалии «Академия контакт интернешнл» ба истифода дода мешавад

Август 25, 2021 08:47

ДУШАНБЕ, 25.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Мактаби байналмилалии «Академия контакт интернешнл» ба истифода дода мешавад, иттилоъ дод масъули сомонаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов ба АМИТ «Ховар».

Мактаби байналмилалии «Академия контакт интернешнл» яке аз калонтарин иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Исфара мебошад, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасовҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Муассисаи нави таълимӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 1600 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Синфхонаҳои Мактаби байналмилалии «Академия контакт интернешнл» бо тарҳи замонавӣ ва мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шудаанд.

Ҳамчунин дар он майдончаи варзишӣ ва толори машқии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти тамринӣ мавҷуданд.

  АКСҲО аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Август 25, 2021 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд