ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Муъминобод сохтмону навсозии беш аз 300 иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ ҷараён дорад
МУЪМИНОБОД, 21.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод сохтмону навсозии беш аз 300 иншооти маданию маишӣ, хизматрасонӣ ва маъмурӣ ба нақша гирифта шуда, барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ техникаю таҷҳизот ва масолеҳи хушсифати сохтмонӣ дастрас карда шудааст.
Дар ин бора сармеъмори ноҳия Фирдавс Зарифов ба мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки ҳоло 85%-и корҳои сохтмонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин самт кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия низ бо ҷалби техникаҳои роҳсозӣ таъмири асосию ҷорӣ ва барқарорсозии роҳҳои мошингардро идома дода истодаанд.
Ба гуфти сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Бобоёр Бобоёрзода, кормандони муассиса ба корҳои таъмири ҷорӣ сафарбар ва техникаҳо ба таъмири роҳҳои маҳаллӣ равона гардидаанд. Масъулин нақша доранд роҳҳои ҷамоати Чиллухтарон, роҳҳои марказӣ ва дигар роҳҳои таъмирталабро аз таъмир бароранд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






