ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Панҷ 200 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.
Дар ҷараёни сафари корӣ Завқӣ Завқизода бо раванди сохтмони иншоотии ҷашнӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ ва таъмиру таҷдиди биною иншоот дар ноҳия шинос гардид.
Вазир ҳангоми боздид аз ҷараёни навсозии боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия, корҳои сохтмонӣ дар Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, коллеҷи тиббӣ, бинои истиқоматии панҷошёна, китобхона, биноҳои маъмурӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва омодагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли нави таҳсил бо шахсони мутасаддӣ ва сохтмончиён вохӯриҳо анҷом дода, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншоот дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Панҷ аз 210 иншооти ҷашнии нақшавӣ 200 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, дар 10 иншооти боқимонда корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамзамон корҳои ороишию рангубор ва ободу зебо намудани атрофи биноҳо идома доранд.
Бунёди қисми зиёди иншооти мазкур бо ҷалби сокинони маҳал, шахсони саховатпеша, фаъолон ва соҳибкорони ноҳия амалӣ шуда истодааст.
Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






