ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шуғнон 78 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд

Август 17, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 17.08.2021 /АМИТ«Ховар»/.  Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёди 87 иншоот ба нақша гирифта шуда, 78 иншооти гуногуни зарурӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар дигар иншооти ҷашнӣ айни ҳол корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, корҳои банду васлнамоӣ ва ороишӣ дар аксарият ифрасохтор ба итмом расонида шудаанд.

Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иттилоъ медиҳад, ин матлаб имрӯз дар ҷаласаи навбатии назди раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз карда шуд.

Дар кори ҷаласа роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Зимни баргузории ҷаласаи корӣ масъалаи омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон дар кори ҷаласа вусъати корҳои сохтмонӣ, ҷамъбаст ва татбиқи барномаҳои пешбинишуда ва дигар масъалаҳо, аз ҷумла омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ баррасӣ шуданд.

Вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо ва то охири моҳи августи имсол иҷро намудани корҳои банақшагирифта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

 

АКСҲО аз МИҲД-и н. Шуғнон

Август 17, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад