ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Вазъи роҳҳои минтақаи Кӯлоб беҳтар мегардад
КӮЛОБ, 09.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 428 км таъмири ҷорӣ, 5 км сангфарш, 21 км асфалтпӯш, 6 адад пул бо дарозии 174 метр ва аломатгузории онҳо — ин нишондод натиҷаи фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб» аст, ки пурра иҷро гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта назаррасанд. Дар ин бора сардори идораи мазкур Хуршед Арабзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод.
Хуршед Арабзода гуфт, ки дар ин давра бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта дар вазъияти пандемия роҳдорони минтақаи Кӯлоб масъулияти баланд ҳис намуда, дар таъмини рафтуои бемамониати нақлиёт ҳиссаи муносиб гузоштанд.
«Айни ҳол дар баъзе минтақаҳое, ки бар асари боронҳои пай дар пайи моҳи майи соли равон зарар дида буданд, корҳои барқарорсозию соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром идома дошта, кор дар ду баст ҷараён дорад. Яке аз минтақаҳои зарардидаи офати табиӣ, километри 141 то 145-и роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма аст, ки бар асари он беш аз 4 километри роҳ зарар дида буд»,- афзуд Хуршед Арабзода.
Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Восеъ Кӯрбоналӣ Ҳикматуллоев гуфт, ки имрӯз дар ин минтақа корҳои барқарорсозию бетонрезӣ идома дошта, то охири ҳафта роҳ пурра барқарор карда мешавад. Кор дар ин ҷо низ мувофиқи нақша идома дошта, беш аз 60 нафар роҳсозон саргарми коранд.
Кӯрбоналӣ Ҳикматуллоев афзуд, ки дар натиҷаи офати табиии моҳи май ҳамчунин Сойи Сурхоби деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара, ки дар километри 102-юми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма ҷойгир аст, қисман осеб дида, имрӯзҳо дар ин ҷо низ корҳои соҳилмсутаҳкамкунӣ идома дорад. Дар тавозуни Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб» 2 ҳазору 447,15 километр роҳ мавҷуд аст, ки аз ин 318 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ, 430 км аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1700 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта мебошад. Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб» ҷоддаҳои ба зима доштаашонро пурра таҳти назорати қатъӣ қарор дода, пайваста барои таъмини ҳаракати беманоияти нақлиёт даст ба коранд.
Акс аз АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






