Акмалиддин ва Садр дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Федератсияи байналмилалии самбо соҳиби медал шуданд

Август 23, 2021 09:21

ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов ва Садр Боев дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Президенти Федератсияи байналмилалии самбо   сазовори медал шуданд.

 Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Мусобиқаи мазкур 22 август дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иштироки беҳтарин самбочиёни ҷаҳон дар 7 вазн миёни мардҳо дар сатҳи баланд баргузор шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон чор нафар варзишгари шинохта – Акмалиддин Каримов (вазни -58кг), Хушқадам Хусравов (-64кг), Ёқубҷон Боқиев (-71кг) ва Садр Боев (-88кг) – ба ин мусобиқа даъват шуда буданд.

Акмалиддин Каримов дар вазни -58кг сазовори медали нуқра ва 7000 доллари ИМА ҷоизапулӣ гардид. Дар ин вазн ҳамагӣ 7 нафар иштирок карданд. Акмалиддин дар даври аввал озод буд, сипас дар нимфинал пирӯз ва дар финал аз намояндаи Гурҷистон Вахтанг Чидрашвилӣ мағлуб шуд.

Варзишгари дигари тоҷик  Садр Боев дар вазни -88кг медали биринҷӣ ва 5000 доллари ИМА мукофот гирифт. Ӯ дар чорякфинал бар намояндаи Эрон Саидмуҳаммадризо Саидимаданӣ ғалаба кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Узбекистон Ихтиёр Эшмуродов шикаст хӯрд. Садр сипас дар рақобат барои ҷои сеюм намояндаи Марокаш Ал Ҳусейн Чакириро мағлуб намуд.

 

                                                                              АКСҲО  аз КМО Тоҷикистон

Август 23, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод