Ҷамшед Обидзода: Бо назардошти таҷрибаи Тоҷикистон таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар СҲШ ба манфиати кор хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Созмони ҳамкории Шанхай, ки имсол 20-сола мешавад ва дар ин соли ҷашнӣ раисии онро Ҷумҳурии Тоҷикистон бар уҳда дорад, ташкили Шӯрои ҷамъиятӣ мувофиқи мақсад хоҳад буд. Дар ин бора унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷамшед ОБИДЗОДА дар суҳбат бо хабанигори АМИТ “Ховар” София ШОИКОВА изҳори назар намуд.
Соли 2021 барои мардуми Тоҷикистон соли ҷашну идҳо ва соли дастоварду комёбиҳои меҳнатӣ аст. Дар баробари он, ки мардуми тоҷик 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд, дар ин соли пурфайз ҳамчунин аз таъсисёбии яке аз бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалӣ — Созмони ҳамкориҳои Шанхай 20 сол ва аз ташкилёбии Шӯроии ҷамъиятии Тоҷикистон, ки барои муттаҳидиву якпорчагии кишвари соҳибистиқлоламон ва рушди демократия заминаи мусоид гузошт, 25 сол сипарӣ мегардад.
Ба зикри мавсуф, Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намуд, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар нерӯҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар вазъияти ҳассостарини кишвар муттаҳид намуда, бо машварати намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хирадмандонаро амалӣ сохт, метавон яке нишонаҳои хуби рушди демократия дар мамлакат арзёбӣ намуд.
Созмони ҳамкории Шанхай, ки 60 фоизи ҳудуди Авруосиёро фаро гирифта, аҳолии давлатҳои аъзои он қариб нисфи аҳолии курраи Заминро ташкил медиҳанд, пурнуфузтарин созмони ҷаҳон маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи хеш “20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ”, ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр шуд, чунин таъкид менамоянд: “Дар тӯли таърихи бистсолаи худ СҲШ ба яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии намунаи нав, ба сохтори нодири минтақавӣ мубаддал гашт, ки борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст. Ҷараёни рӯйдодҳои давраи ҷаҳонишавӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки ягон давлат ба танҳоӣ қодир нест, ки бо хатару таҳдидоти муосир муборизаи самаранок барад. Дар чунин шароит, танҳо иқдомоти мувофиқашуда ва кӯшишҳои муштараки ҳамаи давлатҳо метавонанд муассир бошанд”.
Айни ҳол дар Созмони мазкур Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони (Сарвазирон)-и ҳукуматҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ амал менамояд.
Басо рамзист, ки Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон низ моҳи апрели соли 1996, яъне дар он моҳ ва соле, ки нахустин маротиба “Панҷгонаи Шанхай” ташкил гардида, баъдтар қарори дар Душанбе қабулшуда барои таъсиси Созмони ҳамкориҳои Шанхай заминаи мусоид овард, таъсис ёфтааст.
Зимнан, дар мусоҳибаи худ бо Агентии миллии иттилоотии “Ховар” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони ҳамкориҳои Шанхай муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус зикр намудаанд, ки “роҳбарони СҲШ бисёр мехоҳанд, ки зиндагиро дар минтақа ба куллӣ беҳтар созанд”.
Мазмуни асосии принсипҳои фаъолияти СҲШ шаффофият, эътимод, баробарӣ, ҳамсоягии нек, манфиати мутақобила, машваратҳои тарафайн, эҳтиром ба гуногунии фарҳангҳо ва тамаддунҳо, талош барои эҷод ва рушди муштарак мебошад. Ин принсипҳо, дар ҳақиқат, дар ташаккули ҳамкории байни кишварҳои аъзои СҲШ ҳамчун модели нави ҳамкории минтақавӣ-бо ҳадафи ниҳоии расидан ба ҳамоҳангӣ ва шукуфоии умумӣ, муҳим ҳисобида мешаванд”.
Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон низ, ки ҳанӯз 25 сол муқаддам бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат таъсис ёфта буд, ҳамкории сиёсию иҷтимоии миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин намуда, дар ин замина барои беҳтар намудани некуаҳволии халқ кӯшиш менамояд.
Ҳизбҳои сиёсӣ бошад, ба эътирофи муҳаққиқону коршиносон, пуле ҳастанд, ки равобити ҳамешагии ҳукумат ва ҷомеаро таъмин намуда, дар ташаккули низоми демократӣ нақши босазо доранд.
“Бо назардошти он, ки қариб дар ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай низоми давлатдории демократӣ амал менамояд ва дар онҳо низоми бисёрҳизбӣ ҷорӣ аст, дар сатҳи Созмони мазкур бо назардошти таҷрибаи бойи Тоҷикистон, Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис додан ба макнфиати кор хоҳад буд”, — изҳор дошт Ҷамшед Обидзода.
Ба андешаи ӯ, ташкил шудани чунин як Шӯрои ҷамъиятӣ, ки масалан, бо шомил гардидани Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҳизби “Единая Россия”- и Федератсияи Русия, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон, Ҳизби “Нур Отан”-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра, агар дар навбати аввал барои табодули таҷрибаи аҳзоби сиёсии узви давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай мусоидат намояд, аз сӯйи дигар метавонад барои рушди демократия ва ҷиҳати ҳали масъалаҳое, ки ҷомеаи шаҳрвандии ин давлатҳо доранд, такон бахшад. Зеро, тавре Пешвои муаззами миллат, Раиси Созмони ҳамкориҳои Шанхай муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Тоҷикистон чунин мешуморад, ки кишварҳои узви СҲШ бояд на танҳо анъанаҳои ҳусни ҳамҷавориро ҳифз кунанд, балки роҳҳои нави муносиби ҳалу фасли мушкилоти мавҷуда ва ё бамиёномадаи дорои хусусияти иҷтимоӣ ва иқтисодиро пайдо намоянд”.
АКС: АМИТ «Ховар»