Аз замони вуруди Толибон ба Кобул ҳудуди 12 000 нафар Афғонистонро тарк кардаанд
ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз лаҳзаи ворид шудани ҷангҷӯёни ҳаракати радикалии «Толибон» ба Афғонистон тақрибан 12 000 нафар хориҷиён ва шаҳрвандони ин давлат, ки дар сафоратхонаҳо ва гурӯҳҳои башардӯстонаи байналмилалӣ кор мекарданд, кишварро тарк карданд. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора рӯзи шанбе хабаргузории Reuters бо истинод ба намояндаи СААШ хабар дод.
«Раванди тахлия суст аст, чун он хатарнок мебошад, зеро мо намехоҳем бо Толибон ва ғайринизомиён дар беруни фурудгоҳ даргириҳо сурат гиранд»,- гуфт ба агентӣ сухангӯи СААШ, ки нахост номаш ифшо шавад.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Толибон қаблан даст доштанашон дар вазъияти дар фурудгоҳи Кобул баамаломада ва ошӯбҳоро рад карда буданд. Мақомоти ҳаракат гуфтанд, ки кишварҳои ғарбӣ «метавонистанд нақшаи беҳтари тахлия таҳия кунанд.»
АКС аз Reuters








Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид






