Ба сокини шаҳри Кӯлоб калиди хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
КӮЛОБ, 06.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода манзили истиқоматии сокини кӯчаи Даминзода Қиматгул Менгиёрова мавриди истифода қарор дода шуд. Ин шаҳрванд калиди хонаи истиқоматиро аз дасти муовини аввали раиси вилояти Хатлон гирифта, изҳори сипос намуд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, манзили истиқоматии мазкур аз ҷониби шабакаҳои барқии Кӯлоб дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд сохта шудааст.
Вобаста ба дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзили истиқоматӣ бо тамоми ҷиҳозу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Қиматгул Менгиёрова миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон ва кормандони шабакаҳои барқи Кӯлоб расонида, иброз дошт, ки «баъди омадани сел ва пурра валангор шудани хона хеле дилмонда ва маъюс гардида будем. Вале ин ҳама мушкилот паси сар шуд ва бо дастгирии Президенти маҳбубамон дар муддати кӯтоҳ барои мо хонаи нав сохтанд. Аз сӯзану ришта сар карда, тамоми ҷиҳози хонаро фароҳам оварданд. Худованд ба Роҳбари давлат ва онҳое, ки сиёсати пешгирифтаи Президентро дастгирӣ мекунанд, умри дарозу ризқи фарох диҳад».
Хотиррасон мешавем, ки бар асари офати табиии 12 май ба вуқӯъ пайваста дар шаҳри Кӯлоб садҳо оила хисорот дида, 43 манзили истиқоматӣ пурра валангор шуданд. Айни замон бо ҷалби ташкилоту идора ва соҳибкорон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ идома дошта, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешаванд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






