Бозиҳои даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 31 июл- 1 август дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол баргузор шуда, 8 дастаи Лигаи олӣ ба даври чорякфинал роҳ ёфтанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи низомнома, бозиҳои 1/8-финалӣ аз як бозӣ иборат буданд. Бозиҳои ¼-финалии Ҷоми Тоҷикистон низ аз як бозӣ ва нимфинал аз ду бозӣ (хона-сафар) иборат хоҳад буд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.
Дар даври ҳаштякфинал дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар майдони худ аз дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби 3:6 шикаст хӯрд. Сунатулло Исмоилов аз дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар 3 гол, Акбар Бобомуродов аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода 2 гол заданд.
Ҳамчунин Клуби марказии варзишии артиш (КМВА) бар дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд. Голҳои дастаи ғолибро Шарафҷон Солеҳов, Муҳсинҷон Абдуғаффоров, Дилшод Восиев, Сайёди Ковусшо ва Умедҷон Холиқов заданд.
Дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ дар майдони худ аз дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Футболбози дастаи шаҳри Кӯлоб Зиёвуддин Фузайлов дар дақиқаи 20 ҳисобро кушод ва бозингари дастаи мизбон Муҳаммадшариф Саидхоҷа дар дақиқаи 37 ҳисобро баробар кард. Дар нимаи дуюм Ҳасан Рустамов ва Эффаҳ Кингслей Осей ба фоидаи дастаи футболи «Равшан» ду голи дигар зада, ғалабаи дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро дар ин бозии ҷолиб таъмин карданд.
Дастаи дигари Лигаи олӣ — «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ба дарвозаи дастаи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ се голи беҷавоб зад. Бозингари дастаи футболи «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ Хисрав Раҳимов дар дақиқаи 2 ба дарвозаи дастааш гол зад. Ду голи дигарро Акобир Тураев ва Амирҷон Раҳимов ба номашон сабт карданд.
Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба дарвозаи дастаи «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов шаш голи беҷавоб зад. Далер Ёдгоров ду гол, Парвиз Боқиев, Эҳсон Бобоев, Артём Сердюк ва Нозим Бобоҷонов якголӣ заданд. Инчунин дар ду бозии дигар дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар дастаи «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бар дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуданд. Голи дастаи «Файзканд»-ро Анвар Муродов, голи дастаи футболи «Истаравшан»-ро Саидмухтор Азимов ба номашон сабт карданд.
Дар бозии охирини даври ҳаштякфинал дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Нимаи аввали дидор бе гол хотима ёфт. Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 61 дастаи «Истиқлол»-ро ба пеш баровард. Зоир Ҷурабоев пас аз ҳашт дақиқа ҳисобро афзуд (2:0). Бозингари дастаи «Душанбе» Фарҳод Қосимов дар дақиқаи 82 як гол зад.
Ҳамин тариқ, ҳашт дастаи Лигаи олӣ – «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, КМВА-и шаҳри Душанбе, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе муборизаро барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар даври чорякфинал идома медиҳанд.








Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид






