Бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд

Август 5, 2021 14:03

ДУШАНБЕ, 05.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 август дар варзишгоҳҳои мамлакат Бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  баргузор мешаванд. Дар ин давр дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе  бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо   «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-шаҳри Душанбе бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  миёни ҳам бозӣ мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Чанд ҳафта пеш бозиҳои  даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд   баргузор шуданд. Дар ин давр дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб   дар сафар бар дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Хуҷанд» дар майдони худ бар дастаи футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истарвшан бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи дастаи «Равшан»-ро Анвар Муродов ва голи дастаи футболи  «Хуҷанд»-ро Абдулмуъмин Забиров ба нишон расониданд.

Се бозии дигари давр бо чунин натиҷа хотима ёфтанд: дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеьро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Мубинҷон Муъминов ба ҳадаф расонд. Пас аз ин ғалаба дастаи футболи «Эсхата» ба ҷои дуюми ҷадвал баромад.

Дар бозии дигар дастаи футболи  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозингари дастаи  «Кӯктош» Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 7-ум ҳисобро кушод. Мизбонон тавассути Иззатулло Рӯзиев ва Амир Меъморӣ ду гол заданд.

Бозӣ миёни дастаҳои КМВА – «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бидуни гол (0:0) анҷом ёфт.

                                                                                                                                                    

  АКС аз ФФТ

Август 5, 2021 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд