COVID-19. Дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Август 19, 2021 20:18

ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 81 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 19 август дар кишвар 16326 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16053 нафар (98,3%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 124 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Август 19, 2021 20:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе гаҳвораи зуҳури дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об дониста мешавад
Оид ба омӯзиши ҳолати муосири криосфераи Тоҷикистон ва нақши он дар минтақа конфронси байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2025 соли гармтарин дар дунё буда, таъминоти аҳолии ҷаҳон бо озуқаворӣ мушкил мегардад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Китобхонаи миллӣ толорҳо барои гузаронидани чорабиниҳои канорӣ пурра омода карда шудаанд
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо роҳбаладон бо 8 забон тавзеҳ медиҳанд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Форуми пешазконфронсии «Занон дар ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Пиряхҳо сайёраро бо оби тоза таъмин менамоянд
Муовини якуми Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок менамояд
Ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо зиёда аз 120 волонтёр ҷалб карда мешавад
Шабакаи ҷавонон оид ба захираҳои об ва иқлим таъсис дода шуд