COVID-19. Дар Тоҷикистон 49 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 21.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 49 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 68 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 21 август дар кишвар 16423 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16174 нафар (98,5%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 124 нафар фавтидаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»