Дар Душанбе оид ба нақши ҷавонони мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодӣ ҳамоиш доир шуд

Август 7, 2021 10:38

ДУШАНБЕ, 07.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 август дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши ҷавонони мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодӣ» ҳамоиши ҷавонони мақомоти гумрук баргузор гардид.

Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокдорони  ҳамоиш дар Донишкадаи такмили ихтисоси  кормандони Хадамоти гумрук бо техникаву воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ва тарзи истифодаи онҳо зимни машғулияти тахассусӣ шинос гардиданд.

Дар ҳамоиш муовини аввали Сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода ва муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ризо Назарзода доир ба саҳми ҷавонон дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеа дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан нақши кормандони ҷавони мақомоти гумруки Тоҷикистон дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар, рушду пешрафт ва шукуфоии  он сухан гуфтанд. Зикр шуд, ки дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварамон дар бахшҳои мухталиф, хусусан дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ба дастовардҳои намоён ноил гардид, ки дар амалӣ гардонидани онҳо саҳми ҷавонони мақомоти гумрук  назаррас мебошад.

Дар ҳамоиш ҳамзамон аз ҷониби намояндаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҷавонони фаъоли мақомоти гумрук барои саҳми назаррас дар таъмини амнияти иқтисодии кишвар  ва пешбурди фаъолияти мақомоти гумрук сипосномаҳо супорида шуда, барои  ҷавонон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид.

АКСҲО аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 7, 2021 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд