Дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ҳаракати нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ мегардад

Август 30, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 августи соли 2021 дар робита ба гузаронидани тамринҳои сафороӣ ва Паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши хиёбони Абуалӣ ибни Сино) аз 27 август то 7 сентябри соли 2021 аз соати 18:00 то 23:00 қатъ мегардад.

Тибқи қарори мазкур, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор шудааст, ки ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаю хиёбонҳои ҳамшафати макони баргузории чорабиниҳои мазкур ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон корҳои мушаххаси мақсаднок роҳандозӣ намояд.

Ҳамчунин ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи соҳаи нақлиёти шаҳрӣ ҷиҳати таъмини мунтазами ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум тавассути дигар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешад.

Аз ин лиҳоз, аз ронандагони ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат ба кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ва хиёбони И.Сомонӣ истифода баранд.

Акс аз бойгонӣ

Август 30, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид