Дар Хуҷанд сохтмони бинои нави прокуратураи вилоят дар арафаи анҷомёбист

Август 21, 2021 09:11

ДУШАНБЕ, 21.08.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни  боздид аз шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави маъмурии прокуратураи вилояти Суғд, воқеъ дар микроноҳияи 34-уми маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд шинос шуданд.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба  Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави прокуратураи вилояти Суғд дар масоҳати 0,50 га бунёд гардида, аз як бинои маъмурии 7-ошёна ва як бинои 3-ошёнаи хизматрасонӣ иборат аст. Он бунёди беш аз 100 адад утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ барои 300 нафар, ошхона ва дигар инфрасохтори хизматрасониро пешбинӣ менамояд. Пудратчии иншоот ҶДММ «СМС» буда, дар майдони сохтмон беш аз 100 нафар бинокорон фаъолият намуда, ба ҳисоби миёна то 3000 сомонӣ маош мегиранд. Корҳои сохтмонӣ асосан ба анҷом расида, корҳои пардозӣ бо суръат идома доранд. Тарҳи бино муосир буда, яке аз иншооти хуштарҳи замонавӣ дар шаҳри Хуҷанд мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки дар қаламрави вилоят бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6500 иншооти таъйиноташон гуногун ба истифода дода мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки барои мардум ҷойҳои нави корӣ ва шароити арзанда муҳайё гардад.

Ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани иншооти ғайриқонунии ҳудуди бинои бунёдшаванда ва сабзазоркунии атрофи он дастуру супоришҳо дода шуд.

АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 21, 2021 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд