Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» маросими расмии супоридани маҷмӯи нақлиёти сайёри тиббӣ баргузор шуд

Август 10, 2021 13:29

ДУШАНБЕ, 10.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи амалисозии лоиҳаи «Корвони саломатӣ», ки дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёгии Рушд аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 тасдиқ шудааст, дар Маҷмааи тандурустии  «Истиқлол» маросими расмии супоридани маҷмӯи нақлиёти сайёри тиббӣ баргузор шуд.

Дар маросими қабули нақлиётҳои махсуси сайёр вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, иҷрокунандаи директори блоки лоиҳавии Хазинаи Авруосиёии Субот ва Рушд (АОСР) Андрей Шераков, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва молияи Тоҷикистон, намояндаи Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аснои суханронии хеш аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарикони рушд ҷиҳати дастгирии пайвастаи соҳа изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки дастрас гардидани чунин маҷмуи нақлиёти сайёри тиббӣ  дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат нақши муҳим хоҳанд бозид.

Тавре иттилоъ дода шуд, нақлиётҳои махсуси сайёр аз чор модул, аз ҷумла чор маҷмӯъ иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили таҷҳизоти ренгтенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ таҷҳизонида шудааст.

Гуфта шуд, ки дар шароити куҳистон чунин нақлиётҳои муосири сайёр метавонанд мушкилии беморонро боз ҳам осон намоянд ва онҳоро ба ташхис фаро бигиранд.


Бо дарназардошти он, ки дар раванди татбиқи лоиҳа ҷалби кормандони беморхонаҳои клиникии вилоятҳои Хатлону Суғд ҷиҳати гузаронидани муоинаи тиббӣ пешбинӣ шудааст, дар қисмати мазкур таъсиси шўъбаи хизматрасонии сайёри мобилӣ дар назди беморхонаҳои клиникии вилоятии вилоятҳои Хатлону Суғд пешбинӣ шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа истифодаи таҷҳизоти дохилимобилӣ ба миён омада, бо назардошти ин, баргузории даври омўзишӣ оид ба истифода ва нигоҳубини он барои кормандони шўъбаи хизматрасонии сайёри мобилӣ дар назди беморхонаҳои клиникии вилоятии вилоятҳои Хатлону Суғд ва ҳамзамон давраҳои омўзишӣ барои мутахассисони муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, бунгоҳҳои тиббии ноҳияҳои дурдасти минтақаҳои таҷрибавӣ оид ба масъалаҳои марбут ба беҳтаркунии хизматрасонӣ дар назар гирифта шудааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд пешбинӣ гардида, он бо мақсади пешгирӣ ва муайян намудани бемориҳо дар байни аҳолии деҳот ва маҳаллаҳои дурдаст  ва ҳамзамон ба баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа нигаронида шудааст.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани иттилоотнокии аҳолӣ дар доираи татбиқи лоиҳа дастрас намудани маводҳои иттилоотӣ (буклетҳо ва овезаҳо) ба муассисаҳои тиббӣ ва аҳолӣ, таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва видеороликҳо оид ба пешгирӣ ва табобати бемориҳо, таҳкими кор бо ҷомеа, бахусус кор бо дастаҳои ҷомеавӣ ба назар гирифта шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа 2, 06 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 2,0 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои грантии Фонди Авруосиёгии стабилизатсия ва рушд ва 60,0 ҳазор доллари амрикоӣ ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ мебошад.

 

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»

Август 10, 2021 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод