Дар ноҳияи Шуғнон Маркази саломатии деҳоти Питоб бунёд шуд

Август 24, 2021 08:58

ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 август дар доираи омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки раиси ноҳия Ҷумъа Ҷумъазода ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита, инчунин сокинони деҳаи Питоби Ҷамоати деҳоти Сучон ва кормандони соҳаи тандурустӣ Маркази саломатии деҳоти Питоб мавриди истифода қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.

Маркази саломатии навбунёд аз ҳуҷраҳои хизмати тибби оилавӣ бо фарогирии ташхису табобати бемории калонсолон, занону кӯдакон, хизмати момодоягӣ, солимии модару кӯдак, эмкунӣ ва кумаки фаврии тиббӣ иборат аст.

Дар баробари бунёди бинои замонавӣ ва фароҳам ссохтани шароити хуби корӣ таъмини дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои баланд бардоштани хизмати тиббӣ дар деҳот мусоидат менамояд.

Дар маркази саломатӣ дегхона бо шабакаи гармидиҳии мустақил, иншооти хоҷагидорӣ, анбор ва нуқтаи санитарӣ-гигиенӣ сохта шудаанд, ки инфрасохтори зарурию табобатии муассисаи тиббиро ташкил медиҳанд.

Ин муассисаи тиббии замонавӣ баҳри ба меъёрҳо мутобиқ намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолии деҳот бунёд шудааст. Яке аз ҳадафҳои эълон гардидани  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба вуҷуд овардани инфрасохтор ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла саломатии аҳолӣ дар деҳот мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки қаблан дар деҳаи Питоб бунгоҳи саломатӣ амал мекард. Бо афзоиши шумораи аҳолӣ ва бо мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани хизмати тиббӣ ҳоло маркази саломатии деҳаи Питоб бунёд гардид, ки ба аҳолии деҳа хизмати саривақтии тиббӣ мерасонад.

 АКСҲО аз  МИҲД-и ноҳияи Шуғнон

Август 24, 2021 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд