Дар Суғд беш аз 23 ҳазор нафар дар аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» иштирок намуданд

Август 23, 2021 11:15

ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил», ки дар миқёси вилоят доир шуданд, беш аз 23 ҳазор нафар кормандони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон фаъолона иштирок намуданд, хабар додааст АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар ҷараёни аксияҳо корҳои тоза намудани ҷӯйбор, заҳбуру заҳкаш — 25,3 км, қадди роҳҳо аз партовҳо — 53,7 км, заҳбуру каналҳо — 300 м, таъмири роҳравҳо — 3 км,    сафед намудани дарахтон — 1236 бех, тоза намудани майдонҳо — 4 км амалӣ гардида, 126,4 метри мукааб хошоку ифлосиҳо ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияҳои гуногуни экологии оммавӣ идома доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Август 23, 2021 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад