Дар ВАО-и Туркия тақдими «Нишони фахрии Рамзи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» ба Эмомалӣ Раҳмон инъикос гардид
ДУШАНБЕ, 10.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон ва иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии Рамзи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» сарфароз гардонида шуданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД аз Истанбул хабар медиҳад, 9 август Маркази тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Туркия бо номи «Sahibkıran» дар саҳифаи интернетии худ sahipkiran.org оид ба тақдим гардидани ин мукофоти олӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони туркӣ зери унвони «Orta Asya Devlet Başkanları Onur Madalyası’ Tacikistan Cumhurbaşkanı Emomali Rahmon’a Verildi» (Тақдими мукофоти олӣ – «Нишони фахрии Рамзи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» ба Эмомалӣ Раҳмон) мақола ба нашр расонидааст.
Дар мақолаи мазкур оид ба Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ маълумот дода шуда, нуктаҳо аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оварда шудаанд.
Дар идомаи мақола таъкид шудааст, ки барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии Рамзи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ тақдим гардид.









ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






