Дастаи «Хатлон» ғолиби Мусобиқаи ҷумҳуриявии бадминтон ва соҳиби Ҷом гардид

Август 26, 2021 10:03

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат миёни наврасон Мусобиқаи ҷумҳуриявии бадминтон баргузор гардид, иттилоъ дод  муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Юсуф Асадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Мусобиқа бо ҳадафи оммавияти варзиш, тақвияти тарзи ҳаёти солим ва пойдории солимии ҷомеа доир шуда, дар он варзишгарон аз шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ бо ҳам рақобат намуданд.

Дар ҷамъбаст дастаи «Хатлон» бо гирифтани 9 мақом ғолиби мутлақи мусобиқа ва соҳиби Ҷом гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро дастаи  ВМКБ бо 7 ҷой ва Суғд бо 3 ҷой соҳиб шуданд.

Ғолибон бо медалу ифтихорномаи кумита қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Август 26, 2021 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид