Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-15) бо ҳамсолони худ аз Узбекистон бозиҳои дӯстона мегузаронад
ДУШАНБЕ, 01.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон даъвати нав таҳти раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов бо ҳамсолони худ аз Узбекистон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Бозиҳои дӯстона байни тимҳои ҷавонони Тоҷикистону Узбекистон то 15 -сола рӯзҳои 11 ва 13 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мешаванд. Бозиҳо соати 19:30 оғоз мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонон (U-16) тирамоҳи оянда баргузор мешавад.
Бозиҳои дӯстона
11 август (чоршанбе)
Оғоз — соати 19:30
ТОҶИКИСТОН (U-15)-Узбекистон (U-15)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
13 август (ҷумъа)
Оғоз — соати 19:30
ТОҶИКИСТОН (U-15)-Узбекистон (U-15)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






