Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар рейтинги нави ФИФА 5 зина боло рафт

Август 12, 2021 14:36

ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12  август Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги нави худро нашр намуд, ки тибқи он дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мавқеашро иваз карда, бо касби 1158 имтиёз ба зинаи 116-ум баромад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Миёни кишварҳои Осиё аз ҳама натиҷаи беҳтарро дастаи мунтахаби Ҷопон дорад, ки бо касби 1529 хол дар зинаи 20-ум ҷой гирифтааст. Дар рейтинги КФО дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 20-ум мавқеъ касб намудааст.

Дар рейтинги нави ФИФА Белгия бо 1822 имтиёз дар зинаи якум, Бразилия бо 1798 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Фаронса бо 1762 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Топ-10 рейтинги ФИФА дар айни ҳол ба таври зайл аст:

  1. Белгия (1822)
  2. Бразилия (1798)
  3. Фаронса (1762)
  4. Англия (1753)
  5. Италия (1745)
  6. Аргентина (1714)
  7. Испания (1642.06)
  8. Португалия (1662)
  9. Мексика (1658)
  10. Амрико (1648)

…

  1. Тоҷикистон (1158).
Август 12, 2021 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад