Фонди ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон-2021 оид ба шиноварӣ дар масофаи кутоҳ то 2.8 миллион доллар афзоиш ёфт

Август 8, 2021 09:21

ДУШАНБЕ, 08.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фонди ҷоизавии Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар масофаи 25 метр ба маблағи умумии 2.8 миллион доллари ИМА, ҷоизаи мусобиқаҳои инфиродӣ бошад 50 дарсад афзоиш ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чемпионати 15-уми ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар масофаи 25 метр 16-21 декабри соли 2021 дар шаҳри Абу-Дабӣ (АМА) баргузор мешавад.

Президенти тозаинтихоби Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) Ҳусайн Ал-Мусаллам гуфт: «Расо ду моҳ пеш, вақте ки ман ба вазифа интихоб шудам, ба оилаи шиноварон ваъда дода будам, ки ба варзишгарон афзалият медиҳам, маблағи ҷоизаҳоро афзун мекунам ва кафолат медиҳам, ки дар варзиши мо ҳеҷ гуна табъиз вуҷуд надорад. Варзишгарон набзи қалби варзишҳо дар об ҳастанд. Онҳо сазовори беҳтарин мусобиқаҳо ва мукофоти пулӣ ҳастанд, ки мавқеашонро ҳамчун бузургтарин варзишгарони ҷаҳон инъикос мекунад”.

14-ум Чемпионати ҷаҳонии FINA дар масофаи 25 метр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин моҳи декабри соли 2018 баргузор шуда буд. Иёлоти Муттаҳида дар мусобиқаҳо бартарӣ дошт ва 17 медали тилло ба даст овард.

АКС аз КМО Тоҷикистон

Август 8, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд