ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии марказии даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан пирӯз шуда, мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа беҳтар намуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозии дастаҳо 21 август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид. Голҳоро Ваҳдат Ҳанонов ва Алишер Ҷалилов ба нишон расониданд. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар сафар аз дастаи КМВА бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Шарафҷон Солеҳов аз пеналтӣ гол зада, КМВА-ро ба пеш баровард. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 39 голи дуюми дастаи артишро зад. Дар нимаи дуюм хуҷандиҳо як гол ба дарвозаи худ ва як гол ба дарвозаи КМВА заданд.
Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо шарофати ду голи Комронҷон Исмоилов бар дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе ғалаба кард. Дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ низ дар сафар бар дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Ойбек Абдуғаффоров ва Артур Боугнон ба нишон расониданд.
Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бидуни гол анҷом ёфт.
Бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 24-25 август дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мешаванд. 24 август дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, 25 август дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бозӣ мекунанд.
| ҶОЙИ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 14 | 10 | 3 | 1 | 38-6 | 33 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 15 | 9 | 2 | 4 | 30-17 | 29 |
| 3 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 16 | 7 | 4 | 5 | 18-15 | 25 |
| 4 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 16 | 7 | 3 | 6 | 25-28 | 24 |
| 5 | «Хатлон» (Бохтар) | 16 | 5 | 5 | 6 | 17-22 | 20 |
| 6 | «Равшан» (Кӯлоб) | 15 | 4 | 7 | 4 | 16-16 | 19 |
| 7 | КМВА (Душанбе) | 16 | 4 | 6 | 6 | 19-22 | 18 |
| 8 | «Файзканд» (Восеъ) | 16 | 4 | 4 | 8 | 13-23 | 16 |
| 9 | «Душанбе»(Душанбе) | 16 | 3 | 6 | 7 | 18-31 | 15 |
| 10 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 16 | 3 | 4 | 9 | 19-33 | 13 |
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






