ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои марказии даври ҳаштуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 муайян шуданд

Август 30, 2021 14:04

ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии марказии даври ҳаштуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дастаи   «Соро компания»-и  шаҳри Душанбе  дар сафар дастаи футзали  «Сипар»-и шаҳри  Хуҷандро бо ҳисоби 4:2 мағлуб намуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар  ин вохӯрии  ҷолиб  голҳои дастаи футзали  «Соро компания»-и  шаҳри Душанберо Руҳулло Исарӣ ва Файзалӣ Сардоров ба нишон расониданд. Голҳои  дастаи  футзали  «Сипар»-и шаҳри  Хуҷандро Муҳсин Муҳаммадӣ ба ҳадаф расонид.

Дастаи нави Лигаи касбии футзали Тоҷикистон – «Пойтахт»  пирӯзии дуюмашро дар ин мавсим ҷашн гирифт. Дар даври ҳаштум футболбозони пойтахт бар  дастаи  «Самандар»-и шаҳри  Турсунзода бо ҳисоби 7:5 ғалаба карданд. Дар ҳайати дастаи ғолиб Хуршед Исломзода 3 гол, Баҳодур Юлдошев ду гол заданд. Дар бозии дигар   дастаи  футзали  «Истиқлол»-и  шаҳри Душанбе бар дастаи «Помир»-и  шаҳри  Хоруғ бо ҳисоби 4:2 зафар ёфт. Голҳои дастаи футзали «Истиқлол»-и  шаҳри Душанберо Абдуқаюм Умаров (2 гол), Некрӯз Идиев ва Самандар Ризомов ба нишон расониданд.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии ҳашт даври бозиҳо  дастаҳои футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд  ва «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  бо 22-холӣ пешсафанд. Дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 13 хол дар ҷои сеюм мавқеъ дорад.

Хотиррасон  мешавем, ки бозиҳои даври нуҳуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон 4  сентябр баргузор мешаванд. Дар даври навбатӣ дастаҳои футзали   «Пойтахт» бо «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, «Самандар»-и шаҳри  Турсунзода бо «Помир»-и  шаҳри  Хоруғ   байни ҳам рақобат мекунанд.

                                                                                              АКС аз ФФТ

Август 30, 2021 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад