ФУТЗАЛ. Дастаҳои «Сипар»-и Хуҷанд ва «Соро компания»-и Душанбе бар ҳарифонашон ғолиб омаданд

Август 23, 2021 10:43

ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 август бозиҳои даври ҳафтуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021   дар толорҳои варзишии мамлакат  баргузор  шуданд.

Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ин давр чемпиони феълии кишвар- дастаи футзали  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд ба дарвозаи дастаи  «Помир»-и шаҳри  Хоруғ 10 голи беҷавоб зад. Дар ҳайати дастаи  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд легионери гурҷистонӣ Нукри Чумбуридзе се тӯб зад ва ё хет-трик анҷом дод.

Дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе низ ба ҳарифаш- дастаи «Самандар»-и шаҳри  Турсунзода ғолиб омада, 13 тӯб вориди дарвозааш намуд. Дар ҳайти дастаи футзали  «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе Фирӯз Сангов се тӯб ба нишон расонид.
Дар бозии дигар дастаи футзали  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бар дастаи «Пойтахт» бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Бо шарофати ду голи Самандар Ризомов ва голи Муҳаммадҷони Асламхон  дастаи футзали  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе соҳиби се хол шуд.

Пас аз натиҷагирии 7 даври Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дастаи «Сипар»-и  шаҳри Хуҷанд бо 22 хол пешсаф аст. Дастаи  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, ки 19 хол дорад, дар ҷои дуюм қарор гирифтааст.

Ёдовар  мешавем, ки  дар даври навбатӣ, 28 август дастаҳои футзали  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бо «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, «Помир»-и шаҳри  Хоруғ бо  футзали  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва  «Пойтахт» бо «Самандар»-и шаҳри  Турсунзода байни ҳам  вомехӯранд.

                                                                                                                                              АКС аз ФФТ

Август 23, 2021 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад