Хуршед Қудратов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ соҳиби медали тилло шуд

Август 5, 2021 10:48

ДУШАНБЕ, 05.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Софияи Булғористон Чемпионати ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ миёни наврасони аз 12 то 18-сола баргузор шуд. Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки бо иштироки варзишгарони беш аз 23 кишвари дунё сурат гирифт, ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон низ иштирок намуда, сазовори як медали тилло ва 4  медали биринҷӣ гардид. Медали тиллоро Хуршед Қудратов дар вазни 67 кг миёни варзишгарони 14-15-сола ба даст овард. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Медалҳои биринҷиро Имоил Зайниддинов дар вазни 40 кг миёни варзишгарони 12-13-сола, Аслиддини Баҳриддин, Сафиаллоҳи Маҳмадалӣ миёни иштирокчиёни 14-15-сола ва Умед Маҳмадиев дар вазни 52 кг дар синни 16-17- сола ба даст оварданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ миёни наврасони 12-18-сола- IMMAF 2021 аз 29  июл то 1 август дар шаҳри Софияи Ҷумҳурии Булғористон  дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ба ин мусобиқа аз ҷониби Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар варзишгар зери роҳбарии Даврон Ҷураев сафарбар гардида, ба дарстовардҳои назаррас ноил шуданд.

Вақти бозгашт ба Ватан парчамбардорони кишварро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат, Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ ва ҳаводорони зиёд истиқбол гирифтанд.

 

АКС аз ТВ «Варзиш»

Август 5, 2021 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид