Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари давлатӣ дар Туркманистон аз бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 05.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 август сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон идома ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ашқобод якҷо бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба шаҳри Туркманбошӣ ташриф оварданд.
Зимни суҳбати самимӣ дар тайёра Сарони давлатҳо дар фазои гарму самимӣ ва эҳтирому эътимод масъалаҳои минбаъдаи ҳамкориро баррасӣ карданд.
Имрӯз дар доираи сафари давлатӣ дар Туркманистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ боздид намуданд.
Дар даромадгоҳи бинои маъмурии бандар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти он самимона истиқбол гирифтанд.
Нахуст ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба фаъолияти бисёрсамтаи бандари баҳрии байналмилалӣ, имконоти техникӣ, ҳамкории тиҷоратӣ бо дигар кишварҳо ва паҳлуҳои мухталифи кори ин марказ маълумот доданд.
Зимни шиносоӣ бо бандари баҳрӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти он ҷиҳати ташкили ҳамкории пурсамар оид ба интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон, истифодаи ин марказ барои баромадан ба бозорҳои кишварҳои дигар ва ба роҳ мондани воридоту содироти маҳсулоти мухталифи Тоҷикистон суҳбати самимӣ доир карданд.
Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани робита ба воситаи бандари баҳрии байналмилалии Туркманбошӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкиму тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар самти ҳамкории соҳаи нақлиёт гардида, барои ҳар ду ҷониб судовар хоҳад буд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва ба роҳбарияти Корхонаи Воҳиди Давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” оид ба истифодаи пурсамари ин бандар дастуру супоришҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон аз рӯйи натиҷаи он дар баробари дигар санадҳои нави ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёт се санад — Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеи карбогидридӣ ба имзо расид.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон






